вторник, 15 апреля 2008 г.
Интихоби Касб
Касбхо хама заруранд.Хар як толибилм баъд аз хатми мактаб мехохад, касберо интихоб кунад ва хондани худро дар ягон соха идома дихад.Ман фикр мекунам, ки хамаи касбхо хубанд ва хонандагони мо баъд аз хатми мактаб метавонанд ба динишгохои омузгори, журналистика, сохаи тиб, хукукшинос ва дигар сохахо рафта тахсили худро идома диханд. Ва бисёре хонандагони мо имруз барои интихоби касби ояндаи худ мушкилие мекашанд.Ман хамчун як хонанда баъд аз хатми мактаб барои ман хам интихоби касби ояндаи худ мушкил буд. Ман аз устодонам ва модарам маслихат пурсидаам, ки дар кадом донишгох тахсили худро идома дихам . Вайхо ба ман маслихат доданд, ки ба донишгохи тибби рафта тахсили худро давом дихам. Аз сабабе, ки ман зан хастам вайхо барои хамин ин касбро ба ман пешниход карданд.Шахсан худи ман барои он касби духтуриро интихоб намудаам, ки духтур хам дар хона ва хам дар беморхона метавонад кори худро пеш барад.Ин касбро бештар занхо интихоб мекунанд барои он, ки занхое хастанд имконияти дар беморхонахо кор карданро надоранд, метавонанд дар хона хам кори худро пеш баранд. Дустони азиз холо бошад ман ба шумо маслихат дода метавонам агар ягон саволе ё ин ки маслихате ба ман дошта бошед мархамат.
Подписаться на:
Комментарии (Atom)